Филипе Луис дастаашро иваз кард

Филипе Луис дастаашро иваз кард

Муҳофизатгари бразилӣ Филипе Луис, ки то ин дам бо пироҳанҳои “Атлетико Мадрид” бозӣ мекард ва шарафи ин дастаро ҳимоя мекард, ба дастаи “Фламенго”-и Бразилия гузариш анҷом дод. Ба иттилои манбаъ бошгоҳи "Фламенго" бо бозигари 33 сола то декабри соли 2021 шартнома ба имзо расондааст. Бояд қайд кард, ки Филипе Луис дар дастаи “Атлетико” аз соли 2010 то 2014 ва баъди як соли ба иҷора рафтанаш аз соли 2015 то инҷониб ҳунарнамоӣ кардааст. Бо ин даста Луис 333 маротиба ба майдон баромада ба задани 9 гол муваффақ шудааст. Ҳамчунин, барандаи ҳафт ҷоиза: қаҳрамони Испания, барандаи Ҷоми Испания, ду маротиба Лигаи Аврупо ва се маротиба Суперҷоми УЕФА шудааст.