“Фиорентина” мавсимро бо ғалаба хотима бахшид

“Фиорентина” мавсимро бо ғалаба хотима бахшид

Дар яке аз бозиҳои охирини мавсими футбол дар Италия дастаи "СПАЛ" дар майдони худ бо тими "Фиорентина" майдондорӣ намуд. Бозии дастаҳо дар шаҳри Феррара сурат гирифта, бо ғалабаи бозигарони меҳмон ба анҷом расид. Ҳисоби бозиро Жозеф Дункан дар дақиқаи 30-юм кушуд. Ба голи ӯ дар дақиқаи 39-ум бозигари мизбонон Далессандро ҷавоб гардонда ҳисобро баробар намуд. То дақиқаҳои охири майдондорӣ натиҷаи бозӣ баробра буд. Дар даҳаи охир шогирдони Якини 2 голи дигар зада, мавсимро бо пирӯзӣ ба анҷом расонданд. Муаллифони голҳо Кристиан Куаме (89) ва Эрик Пулгар (90+4) шуданд. Аз нуқтаи назари ҷадвали мусобийа бозии мазкур ҳеҷ аҳамияте надошт, чун "Фиорентина" имконияти болотар баромадан аз зинаи 10-умро надошт. "СПАЛ" бошад ҳанӯз чанд давр қабл ҳамаи имкониятҳои боқӣ мондан дар Серия А-ро аз даст дода буд.