Футболбози "Бавария"-ро шаш моҳи пушти панҷара таҳдид мекунад

Футболбози "Бавария"-ро шаш моҳи пушти панҷара таҳдид мекунад

Футболбози бошгоҳи "Бавария" ва мунтахаби Фаронса Лукас Эрнандес барои вайрон кардани манъи наздикшавӣ ба ҳамсари феълиаш Амелия де ла Оса Лоренте ба шаш моҳи зиндон маҳкум шуд. Маълумоти мазкур дар баёнияи матбуотӣ (пресс – релиз)-и Суди олии Мадрид нашр гардидааст.

Ҳанӯз соли 2017 ҳангоми ҳунарнамоӣ дар дастаи “Атлетико” Лукас дӯстдухтари худ Амелия де ла Оса Лорентеро зада буд. Додгоҳи маҳаллӣ парвандаи марбут ба хушунати хонаводаро баррасӣ карда чунин ҳукм баровард: 31 рӯзи корҳои ҷамъиятӣ ва манъи наздикшавии ба ин духтар ба масофаи 500 метр.

Баъдтар ин ду дилдода дубора ба ҳам омаданд ва дар ҳамон соли 2017 тӯйи онҳо баргузор шуд. Бо вуҷуди ин ҳукми суд барои манъ будани наздикшавии Лукас ба Амелия боқӣ монд. Тобистони имсол Лукас бо Амелия таътили худро дар якҷоягӣ гузарониданд. Суд инро ҳамчун нақзи мамнуъият ҳисоб карда, ҳукм содир кард, ки футболбоз шаш моҳ зиндонӣ шавад.

Ба иттилои AS футболбоз аллакай аз болои ин қарор шикоят бурдааст. Баррасии он 19 октябр сурат мегирад. Эрнандес вазифадор аст, ки шахсан дар мурофиа ширкат кунад.