Футболбози «Эвертон» ба «Тоттенхэм» иқбол овард

Футболбози «Эвертон» ба «Тоттенхэм» иқбол овард

Дар дидори охири даври 33-юми Чемпионати Англия «Тоттенхэм Хотспур» ва «Эвертон» неру санҷиданд. Дар ин нерусанҷӣ худголи бозигари «Эвертон» соҳибони майдонро пирӯз гардонд.

Даври 33-юми Премйер-лигаи Англия бо рақобати дастаҳои «Тоттенхэм» ва «Эвертон» хотима ёфт. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи «Тоттенхэм Хотспур» -и Лондон доир гардида, бо ҳисоби 1:0 ба суди соҳибони майдон хотима ёфт. Муаллифи голи ягонаи дидор ҳимоятгари «Эвертон» Майкл Кин гардид. Майкл дар дақиқаи 24-уми нерусанҷӣ иштибоҳан тӯбро вориди дарвозаи худ намуд. Ҳамин тавр, «Эвертон» силсилапирӯзиҳои худро дар Чемпионати Англия, ки се бозиро дар бар мегирифт хотима бахшид. Пас аз ин комёбӣ «Тоттенхэм» 48 имтиёз ба даст оварда, ба зинаи ҳаштуми ҷадвали умумии чемпионат баромад. «Эвертон» 44 бо хол дар мақоми 11-ум қарор дорад.