Футболбозони "Наполи" то ҳол маош нагирифтаанд. Сабабаш чист?

Футболбозони "Наполи" то ҳол маош нагирифтаанд. Сабабаш чист?

Дастаи "Наполи" ба мушкилоти молӣ гирифтор аст ва маоши бозигарон, мураббиён ва кормандонро наметавонад пардохт кунад. Бино ба иттилои La Gazzetta Dello Sport, сармураббии "няполиҳо" – Ҷеннаро Гаттузо пас аз бохт аз Милан (1:3) дар бозии чемпионати Италия аз футболбозонаш хеле хашмгин буд. Ҳангоми сӯҳбат дар утоқи либосивазкунӣ бозингарон дар навбати худ аз он норозигии худро баён карданд, ки онҳо дар мавсими ҷорӣ ҳанӯз маош нагирифтаанд.

Интизор меравад, ки музди моҳонаи аввал то 1 декабр пардохт карда шавад. Ин мӯҳлати муқарраркардаи Федератсияи футболи Италия (FIGC) мебошад.

Қаблан ин созмон аз ҳукумати кишвар дархост карда буд, ки ба дастаҳое, ки аз сабаби маҳдудиятҳои пандемияи коронавирусӣ зарар дидаанд, кумаки молиявӣ расонад. Мақомот аз додани 600 миллион евро ба Чемпионат сарпечӣ карданд ва ба дастаҳо иҷозат надоданд, ки аз маоши бозигарон андоз насупоранд. Дар айни замон, "Наполи" бо 14 имтиёз дар ҷадвали Серия А дар ҷои 6-ум қарор дорад.