Гасперини: "Бозӣ нишон медиҳад, ки "Реал" чӣ қадар тавоност"

Гасперини: "Бозӣ нишон медиҳад, ки "Реал" чӣ қадар тавоност"

Ҷан Перо Гасперини, сармураббии дастаи "Аталанта" гуфт, ки аз бозии аввал бо "Реал Мадрид" дар марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳо чӣ интизор аст.

- Мо талафоти кадрӣ дорем, аммо кӯшиш мекунем, ки бо он мубориза барем. Бо ин ё он роҳ мо мунтазири бозии сатҳи олӣ ҳастем ва мо кӯшиш мекунем, ки то ҳадди имкон бозӣ кунем.

- Мо қаблан бо "Реал Мадрид" вонахӯрда будем. Танҳо бозӣ нишон хоҳад дод, ки ҳарифи мо чӣ қадар тавоно аст. "Реал" яке аз беҳтарин дастаҳои ҷаҳон аст. Аммо, қаблан дар чунин бозиҳо мо ҳамеша каме бештар дониш ва маҳорат нишон медодем, - гуфт Гасперини.

Ёдрас мекунем, ки бозии "Реал Мадрид" ва "Аталанта" имшаб, дар дили шаб, дар Бергамо баргузор мешавад.