Голи 699-уми Роналду

Голи 699-уми Роналду

Ҳамлагари "Ювентус" ва мунтахаби Португалия Криштиану Роналду дар бозӣ бо Люксембург (3:0) як гол ба самар расонид. Барои футболбози португалӣ ин 699-умин гол дар корномаи варзишиаш ба ҳисоб меравад. Баҳри задани 699 гол ба Роналду 973 дидор лозим омад. Криштиану Роналду дар "Спортинг" 5 гол, "Манчестер Юнайтед" 118 гол, "Реал Мадрид" 450 гол, "Ювентус" 32 гол ва дар Португалия 94 гол ба самар расонидааст.