Голи зебои Роналду ва пирӯзии “Ювентус дар сафар

Голи зебои Роналду ва пирӯзии “Ювентус дар сафар
Дар доираи бозиҳои даври 29-уми Серия А бошгоҳи “Ҷеноа” бар муқобили дастаи “Ювентус” рақобат кард. Бозӣ дар варзишгоҳи “Луиҷи Феррарис”-и шаҳри Генуе баргузор гардид.

Агар чи қисмати якуми рақобат диданӣ пушти сар шуд. Вале дар он гол ба қайд гирифта нашуд ва бо ҳисоби ҳеҷ бар ҳеҷ ба анҷом расид.
Нимаи дуюми бозӣ аз оғоз барои дастаи “Ювентус” бо барор ҷараён дошт. Чунки дар дақиқаи 50-уми додор Пауло Дибала ҳисоби бозиро кушод. Баъди 6 дақиқа ҳамлагари дигари “Ювентус” Криштиану Роналду бо як зарбаи қавӣ аз масофаи дур ҳисобро ба фоидаи дастааш дуболо кард. Дар дақиқаи 73-ум бошад нимҳимоятгари дастаи меҳмон Дуглас Коста голи сеюмро зад. Пас аз 3 дақиқаи дигар ҳамлагари “Ҷеноа” Андреа Пинамонти голи ягонаи мизбононро зада нуқтаи охирини бозиро гузошт.

Пас аз ин дидор “Ювентус бо 72 имтиёз ҷои 1-уми ҷадвали чемпионати Италияро ишғол мекунад. Ҳамчунин ба сегонаи пешсафони ҷадвал дастаҳои “Ласио” (68 имтиёз) ва “Интер” (61 хол), ки дар хазинаи худ ҳануз якбозигӣ бештар доранд шомил мебошанд. Дастаи “Ҷеноа” бо 26 хол дар мавқеи 17-уми ҷадвал аст.