Гузариши қаҳрамони ҷаҳон ба дастаи “Реал Бетис”

Гузариши қаҳрамони ҷаҳон ба дастаи “Реал Бетис”

Бошгоҳи “Реал Бетис” дар саҳифаи твиттераш аз гузариши ниммуҳофизатгари фаронсавии бошгоҳи “Лион” - Набил Фекир расман иттилоъ дод. Набил бо дастаи наваш шартномаи 5 соларо ба имзо расонид. Маблағи гузариши Фекир ба дастаи “Бетис” муайян нест. Қаблан хабар дода шуда буд, ки дастаҳои «Севиля», «Валенсия» ва «Милан» ба ин ситораи бошгоҳи фаронсавӣ мароқ зоҳир намуда буданд. Фекир дастпарвари бошгоҳи “Лион” буда, аз соли 2013 ин то ин дам шарафи “Лион”-ро ҳимоя мекард. Хотиррасон мекунем, ки Набил Фекир соли 2018 ҳамроҳ бо мунтахаби Фаронса қаҳрамони ҷаҳон гардида буд.