Гвардиола сабаби бохти шогирдонашро аз “Реал” шарҳ дод

Сармураббии дастаи “Манчестер Сити” Хосеп Гвардиола дар бораи мағлубият дар бозии даври плей-оффи Лигаи Чемпионҳо аз “Реал Мадрид” ибрози назар кард. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Иттиҳод”-и шаҳри Манчестер доир шуда, бо ҳисоби 2 бар 3 ба фоидаи тими шаҳри Мадрид анҷом ёфт.
"Чунин натиҷа ин мавсим борҳо бо мо рӯй дод ... Бисёр маротиба. Гап дар он аст, ки инҳо танҳо қарорҳои бади мураббигӣ ҳастанд, тамом! “Реал Мадрид” дар ин мавсим аз мо беҳтар аст. Мо ба натиҷаи хуб наздик будем, аммо дар дақиқаҳои охир дурангро аз даст додем”, - нашрияи бонуфузи испании Marca аз суханони Гвардиола иқтибос овардааст.
Аз ҳйати “Манчестер Сити” Эрлинг Ҳоланд дар дақиқаҳои 18-ум ва 80-ум гол зад. Голҳои тими шаҳри Мадридро дар дақиқаи 60-ум ҳамлагар Килиан Мбаппе, дар дақиқаи 86-ум нимҳимоятгар Браҳим Диас ва дар дақиқаи 90+2-юм нимҳимоятгар Ҷуд Беллингем ба самар расониданд.
Ҳамлагари тими “Реал Мадрид” Винисиус Ҷуниор беҳтарин бозигари дидор дониста шуд. Бразилӣ дар ин дидор дар ду ҳамлаи голии дастааш ширкат карда, ду ассист анҷом дод.
Ёдовар мешавем, ки бозии ҷавобии дастаҳо рӯзи 20-уми феврал дар шаҳри Мадрид сурат мегирад.
Сарчашма: Marca