Ибрагимович сари рақибро шикаст
Ҳамлавари “Лос-Анҷелес Гэлакси” Златан Ибрагимович устухони сари муҳофизатгари дастаи “Лос-Анҷелес” Муҳаммад Эл-Мунирро шикаст. Ин ҳодиса дар вохӯрӣ байни ҳар ду даста, ки онҷо худи Златан хет-трик карду дастааш пешсаф буд рух дод. Дар вақти ҷаҳиш бозингари шведӣ бо дасташ ба рӯи рақиб зад ва ӯ осеби ҷиддӣ бардошт. Рӯзҳои наздик Эл-Мунир ҷарроҳи хоҳад шуд. Ёдовар мешавем, ки Златан Ибрагимович моҳи марти соли 2018 аз бошгоҳи “Манчестер Юнайтед” –и Англия ба дастаи амрикоӣ “Лос-Анҷелес Гэлакси” гузариш анҷом дод ва то декабри соли 2019 шартнома ба имзо расонд. Златани 37 сола дар ин мавсим дар 17 бозӣ ба майдон баромад ва 16 голро вориди дарвозаи рақибон сохт.