Ифтитоҳи толори варзишӣ дар ноҳияи Дӯстӣ

Ифтитоҳи толори варзишӣ дар ноҳияи Дӯстӣ

Санаи 27-уми октябри соли равон дар деҳаи Қаҳрамони Ҷамоати деҳоти Г.Гулмуроди ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон толори варзишӣ аз намуди гӯштингирӣ ифтитоҳ гардид. Лозим ба ёдоварист, ки дар маросими ифтидоҳи толори варзишии гӯштингирӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстӣ Директори агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ ва раиси ноҳияи Дӯстӣ Саидзода Н.Х. иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни мулоқот раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода бо варзишгарони ноҳияи Дӯстӣ таъкид намуданд, ки имрӯз варзишгарони мо бояд аз ин ҳама шароитҳои фароҳамоварда шуда истифода бурда бо як рӯҳу илҳоми тоза ба тамринҳои худ идома диҳанд ва дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ парчамбардори миллату давлат гарданд.