ИМА ба осонӣ роҳашро ба даври ¼-ниҳоии ҶҶ ҳамвор кард

ИМА ба осонӣ роҳашро ба даври ¼-ниҳоии ҶҶ ҳамвор кард

Дар доираи бозиҳои даври ҳаштякниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни мунтахабҳои то 20 сола дар Аргентина мунтахабҳои ИМА ва Зеландияи Нав ба ҳам омаданд.

Вохӯрии мунтахабҳо дар варзишгоҳи “Малвинас Архентинас”-и шаҳри Мендоса дар ҳузури 7 848 нафар баргузор шуда, бо ҳисоби 4 бар 0 ба суди амрикоиҳо анҷом ёфт.

Голҳоро дар ин бозӣ Волфф Овен, Ковелл Кейд, Че Ҷастин ва Пукштас Рокас ба самар расониданд.

Бо ин ғалаба футболбозони то 20 солаи мунтахаби Амрико ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Амрико бо ғолиби ҷуфти Гамбия ва Уругвай бозӣ мекунад.\