Имрӯз дар Хуҷанд мусобиқаи Ҷоми Президенти ҶТ оид ба бокс оғоз мешавад!

Имрӯз дар Хуҷанд мусобиқаи Ҷоми Президенти ҶТ оид ба бокс оғоз мешавад!

Аз 24-ум то 27-уми сентябр шаҳри Хуҷанд мизбони мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба бокс мегардад.

Дар мусобиқа муштзанон аз Тоҷикистон ва кишварҳои ба мо ҳамсояву ҳамҷавор ширкат меварзанд.

Дар рӯзи якуми мусобиқа рақобатҳо аз рӯи 4 вазн  60 кг, 63,5 кг, 67 кг ва 71 кг миёни калонсолон  сурат мегиранд.

Зери вазни то 60 кг Муҳаммадалӣ Ахмедов аз кишвари Ӯзбекистон бо Абубакр Муродзода аз дастаи Хатлон, Арсланбек Аъламов аз Ӯзбекистон бо Умарбек Орифзода аз дастаи Суғд 2 ва Абдуҷаббор Шобеков аз дастаи ШНТМ бо Абдураҳим Ёқубов аз дастаи Суғд 1 сабқат мекунанд.

Дар вазни 63,5 кг Абдуғаффор Ваҳобов (Суғд 2) бо Сардор Ашуров (Ӯзбекистон), Дилшод Сангинов (Суғд 2) бо Баҳодур Усмонов (Душанбе 1), Абдумуталлиб Юсупов (Суғд 2) бо Абубакр Шарипов (ВМКБ) ва Некрӯз Ғайбуллоев (Хатлон 1) бо Ромиз Шарифзода (Суғд 2) мубориза мебаранд.

Зери вазни то 67 кг Ҷавоҳир Холматов аз Ӯзбекистон бо Расул Аҳадов аз тими Душанбе 1, Сулаймон Латипов аз Ӯзбекистон бо Дилшод Саидаҳмадов аз тими Суғд 1, Уткурбек Абдухолиқов аз Ӯзбекистон бо Файзиддин Юнусов аз Хатлон 1  ва Машҳур Ҳасанов аз Душанбе бо Шоҳин Ҳикматов аз ШНТМ  барои роҳ ёфтан ба даври баъдӣ маҳоратсанҷӣ мекунанд.

Вазни то 71 кг чунин рақобатҳоро дар таркиб дорад. Муҳаммадиқбол Ҷумазода (Суғд 1) бо Саидикром Амонов (Душанбе 1), Амирҷон Назаров (Хатлон 2) бо (Сардор Абдумуталиев (Ӯзбекистон), Шоҳрух Байзаков (Суғд 2) бо Олим Орифзода (Суғд 1) ва Довуд Махкамов (Суғд 1) бо Диловар Давлатов (ВМКБ) қувваозмоӣ мекунанд.

Сабқатҳо соати 18:00 оғоз мешаванд. Ҷараёни рақобатҳоро МД Телевизиони “Варзиш” ба таври мустақим намоиш медиҳад!