Имрӯз мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ мекунад

Имрӯз мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ бозӣ мекунад

Имрӯз дар маҷмааи варзишии «Бангкок Арена»-и Тайланд бозиҳои даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 оид ба футзал дар гурӯҳи «С» баргузор мешаванд.

Дар бозии ифтитоҳии худ мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов бо тими Кореяи Ҷанубӣ вомехӯрад. Вохӯрӣ соати 12:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Ёдовар мешавем, ки пеш оғози Ҷоми Осиё футзалбозони мо бо тими миллии Афғонистон ва Чин ду бозии санҷишӣ дар Бангкок доир карданд. Мо онҷо аз Афғонистон бо ҳисоби 4 бар 3 мағлуб ва Чинро бо ҳисоби 9 бар 2 шикаст дода будем.