Имрӯз мусобиқаи "Kazan Grand Slam-2021" оғоз мешавад

Имрӯз мусобиқаи "Kazan Grand Slam-2021" оғоз мешавад

Имрӯз, 5-уми май дар шаҳри Қазони Федератсияи Россия мусобиқаи Гранд Слам оғоз мешавад. Оғози рақобатҳо соати 12:30 бо вақти Душанбе дар назар аст. Дар Гранд Слами Қазон ҷумҳурии моро паҳлавонони шинохта Абумуслим Қаюмзода, Шаҳбоз Саидаброров (ҳар ду вазни -60кг), Алиҷон Сафаралиев, Баҳром Сӯфиев (-66кг), Сомон Маҳмадбеков (-73кг), Акмал Муродов (-81кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-90кг) намояндагӣ мекунанд.

-60КГ | Даври 1 | Абумуслим Қаюмзода vs Роберт Мшвидобадзе (Россия) 

-60КГ | Даври 1 | Шаҳбоз Саидабуроров vs Родриго Коста Лопес 

-66КГ | Даври 2 | Алиҷон Сафаралиев бо ғолиби ҷуфти Есет Куанов (Қазоқистон) - Артур ТЕ (Қирғизистон) 

-66КГ | Даври 2 | Баҳром Суфиев vs Айюб Элидриси (Қатар) 

-73КГ | Даври 2 | Сомон Маҳмадбеков vs Ҷалолиддин Бойназаров (Ӯзбекистон) 

-81КГ | Даври 1 | Акмал Муродов vs Морад Земури (Қатар) 

-90КГ | Даври 1 | Комроншоҳ Устопириён бо ғолиби ҷуфти Сансиро Мурао (Ҷопон) – Кирил Гроссклаус (Швейтсария)