Имрӯз Ҷоми КФО-2021 оғоз мешавад

Имрӯз Ҷоми КФО-2021 оғоз мешавад

Имрӯз, 14 май Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мусобиқаи мутамаркази Ҷоми AFC-2021 дар гурӯҳи "F" оғоз меёбад.

Ноиби чемпиони Тоҷикистон дастаи "Хуҷанд", дорандаи медали нуқраи чемпионати Ӯзбекистон "Насаф", қаҳрамони Туркманистон "Алтин Асир" ва барандаи Ҷоми Қирғизистон "Алай" барои роҳхати ягона ба даври баъдӣ мубориза мебаранд. Марҳилаи гурӯҳӣ дар системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Танҳо ғолиби гурӯҳ ба даври баъдӣ роҳхат мегирад.

Ҷоми КФО-2021

Минтақаи марказӣ

Гурӯҳ «F»

Мавқеъ – Душанбе, Тоҷикистон

Даври 1-ум

14 май (ҷумъа)

17:00 – «Насаф» (Ӯзбекистон) – «Алай» (Қирғизистон)

21:05 – «Алтин Асир» (Туркманистон) – «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН)