Индонезия бо шумораи кам бар АМА дастболо шуд

Индонезия бо шумораи кам бар АМА дастболо шуд

Мунтахабҳои ҷавонони Қатар ва Индонезия ду роҳхатро аз гуруҳи “А” барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ¼ ниҳоии Чемпионати Осиё-2018 миёни футболбозони то 19 сола байни ҳам тақсим намуданд. Дар вохӯрӣ байни дастаҳои ҷавонони АМА ва Индонезия як голи задаи ниммуҳофизатгар Витан Сулаймон мизбони мусобиқаро ба даври дигар бурд. Футболбозони АМА, ки то ин рақобат пешсафи гурӯҳ буданд баъди натиҷаи бозии Қатар – Тайпей 4:0 имкони баромадан аз гурӯҳро аз даст доданд. Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз дақиқаи 53-уми дидор футболбозони Индонезия бо шумораи кам бозӣ намуданд. Дар як қойдаваронкунӣ довар ба капитани дастаи Индонезия Нурҳидоят Ҳоҷӣ корти сурх нишон дод. Футболбозони АМА кӯшиш ба харҷ доданд то натиҷаро муссовӣ кунанд, аммо муваффақ нашуданд. Бо ҳамин чемпионати Осиё барои ин даста хотима ёфт ва Индонезия дар марҳилаи баъдӣ бо ғолиби гуруҳи “В” дидор анҷом хоҳад дод.

Гуруҳи “А”

Индонезия – АМА 1:0

Гол: Витан Сулаймон