“Интер” ба 6 футболбоз шартнома пешниҳод намуд

“Интер” ба 6 футболбоз шартнома пешниҳод намуд

Тибқи маълумоти сомонаи расмии дастаи “Интер” – и шаҳри Милан, роҳбарияти “нерадзури” шартномаи 6 бозигари дастаро тамдид намуд. Шартномаи навро бо даста ҳимоягарони бразилӣ Далберт ( то тобистони соли 2023) ва Жоао Миранда (то тобистони соли 2020), ҳамчунин нимҳимоягарони итолиёвӣ Антонио Кандрева ( то тобистони соли 2021) ва Роберто Галярдини ( то тобистони соли 2023), нимҳимоягари хорватӣ Марсело Брозович (то тобистони соли 2022) ва нимҳимоягари уругвайи Матиас Весино (то тобистони соли 2022) имзо намуданд. Пас аз доир намудани 9 дидор “Интер” дар зинаи сеюми ҷадвал қарор гирифта, аз пешсафи ҷадвал “Ювентус” 6 имтиёз кам дорад. Дар мавсими ҷорӣ шогирдони Лучано Спалллети дар Серия А шаш ғалалба, як мусовӣ ва ду мағлубият доранд.