Марсело Вейгандт ба ҳайати "Интер Майами" ҳамроҳ шуд

Марсело Вейгандт  ба ҳайати "Интер Майами" ҳамроҳ шуд

Дафтари матбуотии бошгоҳи “Интер Майами” дар бораи гузариши ҳимоятгари дастаи «Бока Хуниорс» - Марсело Вейгандт ба даста хабар медиҳад.

Шартномаи бозигари аргентинии 24-сола то охири соли 2024 баста шуда, имкони тамдиди он барои як мавсими дигар пешбинӣ шудааст.

Ба ҷуз Вейгандт, дар дастаи “Интер Майами” шаш бозигари дигари аргентинӣ аз ҷумла Лионел Месси бозӣ мекунанд.