Иштироки беш аз 40 варзишгар дар мусобиқаи ҷумҳуриявии теннис
Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба теннис оғоз гардид, ки дар он шумораи зиёди наврасону ҷавонон тайи ду рӯз дар он ширкат варзида истодаанд. Мусобиқаи мазкур бо иштироки дастаҳо аз шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва шаҳри Кӯлоб ба роҳ монда шуда, наврасону ҷавонон барои дарёфти мақомҳои ифтихорӣ ва шомил шудан ба дастаи яккачини мамлакат талош мекунанд. Иттилоъ дода шуд, ки рақобатҳо аз рӯи намуди инфиродӣ байни писарону духтарон, омехта, ҷуфтӣ ва даставӣ баргузор мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки баргузории чунин мусобиқаҳо барои баланд бардоштани малакаи варзишии наврасону ҷавонон мусоидат намуда мураббиёну варзишгарон ҳунару маҳоратуи худро сайқал медиҳанд.
Ёдрас мешавем, ки теннис яке аз намудҳои варзиши олимпӣ ба ҳисоб рафта дар вилояти Хатлон алалхусус дар шаҳри Кӯлоб маҳз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар густариш ёфт. Макони асосии баргузории мусобиқаҳои варзишӣ майдони варзишии Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб меравад, ки ду сол қабл аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.