"Истиқлол" дар қисмати аввали мавсим чанд бозӣ анҷом дод?

"Истиқлол" дар қисмати аввали мавсим чанд бозӣ анҷом дод?

Бошгоҳи "Истиқлол" баъди ҷамъбасти қисмати аввали мавсими соли 2019 42 бозӣ анҷом додааст. Ғайр аз 10 бозии Лигаи олӣ, футболбозони пойтахти кишвар дар доираи Ҷоми КФО шаш вохӯрӣ, дар мусобиқаи Лигаи чемпионҳои Осиё як дидор, 11 рақобат дар Ҷоми ФФТ ва як рақобат барои ба даст овардани Суперҷоми мамлакат анҷом додаанд. Гузашта аз ин якчанд вохӯриҳо дар доираи бозиҳои дӯстона баргузор карда шуд.