Канселу пас аз нофаҳмиҳо бо Гвардиола ба “Бавария” рафт

Канселу  пас аз нофаҳмиҳо бо Гвардиола ба “Бавария” рафт

Жоау Канселу аз ҳайати “Манчестер Сити” ба дастаи “Бавария” ба иҷора равон карда шуд.  Дар ин бора бошгоҳи расмии шаҳри Мюнхен  хабар дод.

Португалии 28-сола бо «Бавария» то охири мавсими 2022/2023 шартнома баст. Ба навиштаи расонаҳо, харидани Жоау Канселу  аз тими “Манчестер Сити” 70 миллион евро аст. Сабаби асосии тарки ҳимоятгари португалӣ аз “Манчестер Сити” ин  ихтилоф бо сармураббӣ Хосеп Гвардиола ва набудани вақти бозӣ будааст.

Футболбоз аз тобистони соли 2019 дар ҳайати “шаҳриҳо” майдондорӣ мекард. Ӯ аз дастаи “Ювентус” бо арзиши  65 миллион евро ба ҳайати бошгоҳи шаҳри Манчестер гузариш карда буд.