«Кардифф» аз «Нант» 120 млн евро аз барои Салаи ба ҳалокатрасида дар соли 2019 талаб намуд

«Кардифф» аз «Нант»  120 млн евро аз барои Салаи ба ҳалокатрасида дар соли 2019  талаб намуд

«Кардифф» бо шикоятнома ба суд ба ҷониби «Нант» бо талаботи пардохти 120 млн евро муроҷиат мекунад. Дар ин бора RMC Sport бо такя ба L'Equipe хабар медиҳад.

Чунин талабот вобаста ба ҳалокати ҳамлавар Эмилиано Сала соли 2019 мебошад. Ҳамлавар аз «Нант» ба «Кардифф» гузариш анҷом дод, вале баъди ду рӯзи эълони гузариш дар садамаи ҳавопаймоӣ ҷон бохта буд.

Қайд карда мешавад, ки барои муайянкунии арзиши талабот дар ҳаҷми 120 млн евро «Кардифф» ба ширкати Analytics FC муроҷиат намудааст, ки он ба таври хосса дар самти таҳлили маълумотҳое амал мекунад, ки бошгоҳи валлиягӣ эҳтимолан бо Сала дар ҳайат дар ПЛА боқӣ мемонд. Бо тахмини он, ки Сала дар 60%-и бозиҳо ба майдон меомад, ширкат бар он аст, ки имкони боқӣ мондани Кардифф дар лига 54,2%-ро ташкил медиҳад.

Талабот ҳамчунин шикоятҳо дар аз даст додани даромадҳо миёни мавсимҳои-2018/2019 ва 2022/2023 асос меёбанд, ки 52,9 млн евро баҳогузорӣ шудаанд ва ҳамчунин оиди аз даст рафтани арзишҳои дигар дар ҳаҷми 67,3 млн евро низ гуфта мешавад. Ғайр аз ин, бошгоҳи валлиягӣ 2 млн-и дигар баҳри за «хисороти эътиборотӣ» талаб мекунад.

«Нант» бошад дар навбати худ ба ҷониби «Кардифф» баҳри «хисороти равонӣ» шикоятномаи судӣ равон кардааст.