Кашфи Нурмагамедови ҷадид дар созмони UFC

Кашфи Нурмагамедови ҷадид дар созмони UFC

Саид Нурмагамедов размгари ҷадиди Россия дар созмони муҳорибаҳои омехтаи UFC Fight Island 6 дар муҳлати камтар аз як дақиқа тавонист рақиби навбатияш Марк Штриглро дар Абу Даби ба накаут фиристаду хостгори набарди нав шавад. “Ба рости сараввал фикр кардам, каме ба саросемагӣ роҳ додам, аммо зарбаҳои поини ман рақибро ба фарш афтонд. Мехоҳам бо ҳамин нерӯи болида ҳатто ҳафтаи навбати ба ҳашткунҷа бароям. Лоақал охири декабр ва ё оғози моҳи январ” иброз кардааст худи Саид.