Хабари таъҷилӣ: Роналду аз иштирок дар маросими ҷоизаисупории “Тӯби тиллоӣ” даст кашид

Хабари таъҷилӣ: Роналду аз иштирок дар маросими ҷоизаисупории “Тӯби тиллоӣ” даст кашид

Ҳамлавари португалии «Ювентус» Криштиану Роналду дар маросими ҷоизаисупории ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”-2019, ки дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор мешавад, иштирок нахоҳад кард. Қаблан ВАО хабар дода буд, ки Роналду аллакай пайхас намудааст, ки ин ҷоизаро Лео Месси соҳиб мешавад ва аз ҳамин лиҳоз қарор баровардааст, ки аз иштирок дар ин маросими пуршукӯҳ даст кашад. Ёдовар мешавем, ки ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”-2019-ро ба соҳибаш ниммуҳофизатгари хорватии “Реал” – Лука Модрич тақдим мекунад.

Маросими ҷоизасупории “Тӯби тиллоӣ”-2019 имшаб соати 00:30 бо вақти Душанбе дар шаҳри Парижи Фаронса доир мешавад.

.