«Хуш омади ба хонаат». «Барса» гузариши Хавиро хабар дод

«Хуш омади ба хонаат». «Барса» гузариши Хавиро хабар дод

Хадамоти матбуоти дастаи “Барселона” аз бозгашти Хавии 41 сола ба ҳайси сармураббӣ расман хабар дод.

«Ҳамин тавр бояд рӯй медод. Хуш омадед ба хонаат», — гуфта шудааст дар сомонаи “Барса”

Ҳайати вакилони “Барселона” ба Қатар сафар карда, дар он чо бо роҳбарияти «Ал-Садд» гуфтушунид намуданд. Тибқи баъзе гузоришҳо каталониҳо бояд барои харидорикуни қисмати боқимондаи шартномаи кории Хави ба бошгоҳи Қатар 5 миллион евро пардохт кунанд. Нисфи ин маблағро «Барселона» ва қисми дуюмро худи мураббӣ пардохт мекунад. Бошгоҳи қатарӣ аллакай аз рафтани мураббӣ хабар дод. Ҳамчунин қаториҳо гуфтаанд, ки “Барселона” 5 миллион евро пардохт мекунад. Ин эълон боиси норозигии каталониҳо шуд, чаро,ки “Барселона” ин гуна амалҳоро фишор меҳисобад.