Классикаи жанри футболи Фаронса бидуни ҳангома хатм шуд
Дар Классикои навбатии Фаронса “Марсел” бо “ПСЖ” рақобат карданд. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи “Велодром”-и шаҳри Марсели Фаронса сурат гирифта, бо натиҷаи 2:0 ба фоидаи меҳмонон хатм гардид. Голи якумро ҳуҷумкунанда Килиан Мбаппе дар дақиқаи 66-ум ба ҳадаф расонид. Дар охирин лаҳзаҳои нерӯсанҷӣ пас аз як аксулҳуҷуми босуръат Юлиан Дракслер ҳисобро 2:0 намуда, ғалабаи дастаи худро таъмин намуд. Ин 11-умин пирӯзии парижиҳо буда, бо касби 33 имтиёз дар садри ҷадвали Лигаи 1-ум қарор доранд. “Марсел”, ки ба хазинааш 19 имтиёз афзуда, мавқеи панҷумро ишғол намудааст.
Таҳияи: Фаридун