Клопп дар бораи бозгашти Коутиню ба даста ҳарф зад

Клопп дар бораи бозгашти Коутиню ба даста ҳарф зад

Сармураббии бошгоҳи “Ливерпул” - Юрген Клопп бозгашти собиқ нимҳимоятгари даста Филиппе Коутинюро чунин шаҳр дод: «Боварӣ дорам, ки Фил метавонад дар дилхоҳ даста дар сатҳи олӣ бозӣ кунад. Аммо гап дар ин нест. Фил ба ман писанд аст, фикр мекунам, ки ӯ як футболбози фавқулода аст ва трансфераш низ хеле, хеле, хеле ва хеле гарон аст. Имсол мо барои харидории чунин футболбоз маблағи ҳангуфт надорем. Ин ғайриимкон аст. Бори дигар мегуям, ки Коутиню дар дилхоҳ даста дар сатҳи олӣ бозӣ мекунад ва ҳатто дар “Ливерпул” низ, аммо ман ҳамеша дар чеҳрааш табассумро орзу мекунам. Муваффақият Коутиню дар “Барселона”. Мо ҳамеша бо Фил дар суҳбатем, аммо ягон бор дар бораи гузаришаш ба “Ливерпул” сухан накардаем» - иқтибос меорад сомонаи ESPN аз суханҳои Клопп.