Комёбии навбатии “Бавария”
Бошгоҳи “Бавария” дар даври 9-уми Будеслигаи Олмон бо дастаи “Майнтс” рақобат кард. Дидори бошгоҳҳо дар варзишгоҳи “Опел-Арена - Кофас-Арена” баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба суди мюнхениҳо хотима ёфт. Дар ин бозӣ голҳои ғолибонро Леон Горетска ва Тияго Алкантара ба самар расониданд. Ягона тӯби мизбононро Жан-Пол Бутюс муаллифӣ намуд. Дар рақобати дигари даври мазкур дастаҳои “Боруссия” Д ва “Герта” майдондорӣ намуданд, ки бозии мазкур бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт.
Чемпионати Олмон. Бундеслига. Даври 9-ум
"Майнтс" - "Бавария" - 1:2 (0:1)
Голҳо: Горетска, 39 (0:1). Боэтиус, 48 (1:1). Тиаго Алкантара, 62 (1:2).
"Боруссия" (Дортмунд) - "Герта" - 2:2 (1:1)
Голҳо: Санчо, 27 (1:0). Калу, 41 (1:1). Санчо, 61 (2:1). Калу, 90+1 - пен (2:2).
"Ганновер" - "Аугсбург" - 1:2 (0:1)
Голҳо: Хедира, 8 (0:1). Финнбогасон, 63 - пен (0:2). Бебу, 72 (1:2).
"Фортуна" - "Волфсбург" - 0:3 (0:1)
Голҳо: Вегхорст, 41 - пен (0:1). Брекало, 73 (0:2). Гинчек, 80 (0:3).