Корея - Тоҷикистон: қувваҳо баробар буд...
Имрӯз, 29-уми октябр дар кишвари Индонезия бозии даври ¼ ниҳоии Чемпионати Осиё-2018 миёни яккачинҳои то 19-солаи Кореяи Ҷанубӣ ва Тоҷикистон баргузор шуд. Бозӣ байни мунтахабҳо ҷолибу диданӣ сурат гирифта, бо ҳисоби 1:0 бар нафъи Кореяи Ҷанубӣ хотима ёфт. Ягона голи ин дидорро Ҷеон С. дар дақиқаи 44-уми дидор таслими дарвозаи мунтахаби мо намуд. Шогирдони Мубин Эргашев имконияти зиёди голзанӣ доштанд, аммо мутаасифона онҳоро истифода карда натавонистанд. Қувваҳо дар ин бозӣ баробар буд. Гузашта аз ӯ мунтахаби Тоҷикистон дар пайти дуюм бартарӣ дошт, аммо аз ин афзалият ҳам ба барқарор кардани таносуб ба дарди футболбозони тоҷик нахӯрд. Ҳамин тариқ мунтахаби ҷавонони зери 19-солаи Тоҷикистон аз идомаи мусобиқоти мазкур ва ҳаққи роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2019 U20, ки соли оянда дар кишвари Полша баргузор мешавад, маҳрум шудаанд.
Чемпионати Осиё-2018, Даври ¼ ниҳоӣ
Кореяи Ҷанубӣ 1:0 Тоҷикистон
Гол: Ҷеон С. 44’