Коронавирус ба Чемпионати ҷаҳон мушкилӣ пеш овард

Коронавирус ба Чемпионати ҷаҳон мушкилӣ пеш овард

Дар баробари лағв гардидани тамоми мусобиқотҳо дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон Ассотсиатсияи байналимлалии варзиши сабук низ ба хулосае омад, то Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабукро, ки мебоист соли 2021 дар ИМА баргузор гардад, ба соли дигар гузаронид. Ин тасмим ба хотири ба соли 2021 гузаронидани бозиҳои олимпии Токио руйи даст гирифта шуд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки мебоист аз 6-ум то 15-уми августи соли 2021 дар ИМА гузаронида шавад, ба соли 2022 гузаронида шуд. ҳамакнун санаи нави ин мусобиқот аз 15ум то 24-уми июли 2022 ба шумор меравад. Ин иқдомот ба хотири Бозиҳои оилмпии Токио ки бинобар хуруҷи каронавирус ба соли 2021 гузаронида шудааст, руйи даст гирифта шуд. Ассотсиатсияи байналимлалии варзиши сабук, ин хабарро тасдиқ намуда, иброз доштааст, ки санаи баргузории бозиҳо бо ҳамоҳанги бо тамоми федератсияҳо ба соли 2022 гузаронида шуд.

Акнун Ассотсиатсияи байналимлалии варзиши сабук нақша дорад, ки баъд аз як муддати муайян ду мусобиқоти бузургро роҳандозӣ намояд, то варзишгарон ба Олимпиадаи Токио омодагии хуб бинанд.

Ин бозиҳои Иттиҳод дар Бирменгем ва Чемпионати Аврупо оид ба варзиши сабук дар моҳҳои июл августи соли 2022 мебошад. Тақвими нави мусобиқотҳо имконият медиҳад, то тамоми варзишгарон дар он иштирок намуда, роҳи худро ба бозиҳои олимпӣ ҳамвор созанд.