Комёбии ҷиу-ҷитсучиёни тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ
Санаи 21 октябр дар МҶМОВ оид ба таэквондои шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷиу-ҷитсу миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон баргузор шуд. Тавре раиси Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон Алиҷон Давлатов иттилоъ дод, бори аввал чунин мусобиқаи байналмилалӣ дар Тоҷикистон баргузор шуд ва мақсад аз он интихоби дастаҳои мунтахаби наврасон, ҷавонон ва калонсолон ҷиҳати омодагӣ ва иштирок дар Чемпионати ҷаҳон буд, ки моҳи апрели соли оянда дар Аморати Муттаҳидаи Араб доир мегардад. Дар мусобиқа 133 варзишгар аз кишварҳои ИМА, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Россия, АМА ва Тоҷикистон ширкат намуданд. Миёни наврасон ва ҷавонон ҳамаи ҷойҳои ифтихориро варзишгарони тоҷик сазовор шуданд. Миёни калонсолон низ дар бештари вазнҳо варзишгарони тоҷик ғолиб омаданд. Умуман, дар ҳисоби даставӣ ҷои аввалро Тоҷикистон, ҷои дуюмро Ӯзбекистон ва ҷои сеюмро Қирғизистон ишғол намуданд.
Ғолибон ва ҷоизадорони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷиу-ҷитсу дар Душанбе байни калонсолон:
-50кг
1. Турсунзода Нурмуҳаммад (Тоҷикистон)
2. Абдуллоҳ Абдуғафуров (Ӯзбекистон)
3. Суҳроб Абдураҳмонов (Тоҷикистон)
-55кг
1. Амриддин Қурбонов (Тоҷикистон)
2. Ҷонибек Ёқубов (Тоҷикистон)
3. Шаҳзод Ҳотамов (Тоҷикистон)
-60кг
1. Сулаймони Аҳмадхон (Тоҷикистон)
2. Анушервон Давлатов (Тоҷикистон)
3. Сергей Алексушин (Тоҷикистон)
-62кг
1. Карим Мадинов (Ӯзбекистон)
2. Алиҷон Бобомуродов (Тоҷикистон)
3. Раҳматулло Ҳоҷиев (Ӯзбекистон)
-66кг
1. Амиралӣ Ҳалимов (Тоҷикистон)
2. Тимур Абдуллоев (Ӯзбекистон)
3. Диёрбек Анваров (Ӯзбекистон)
-69кг
1. Шоимард Абдулназаров (Тоҷикистон)
2. Сардор Солиев (Ӯзбекистон)
3. Ҳафиҷон Қурбонов (Тоҷикистон)
-77кг
1. Маъруфҷон Назаров (Тоҷикистон)
2. Ҳаруна Мадинов (Ӯзбекистон)
3. Данте де Агостаро (ИМА)
-85кг
1. Дмитрий Новиков (Қирғизистон)
2. Абубакр Назарзода (Тоҷикистон)
3. Комрон Ғуломшозода (Тоҷикистон)
+94
1. Умедҷон Нуров (Ӯзбекистон)
2. Ризо Сафаров (Ӯзбекистон)
3. Эраҷ Аминзода (Тоҷикистон)
Манбаъ: http://olympic.tj/