Крис Фрум дастаашро иваз мекунад

Крис Фрум  дастаашро иваз мекунад

Велосипедрони маъруфи бритонӣ - Крис Фрум баъд аз хотимаи мавсим дастаи “Ineos”-ро тарк хоҳад кард. Дар ин бора хадамоти матбуотии бошгоҳи мазкур иттилоъ дод. Яке аз велосипедронҳои машҳури дунё намояндаи Британияи Кабир - Крис Фрум баъд аз анҷоми мавсими ҷорӣ дастаи “Ineos”-ро тарк мекунад.  

"Ин як даҳсолаи аҷибе буд, ки бо даста мо якҷоя ба ҳама муваффақиятҳо ноил шудем ва ман ин хотираҳоро ҳамеша қадр хоҳам кард. Ман интизори мушкилоти нав ҳастам ва ба фаъолияти минбаъдаи касбам идома медиҳам, аммо то ҳол ман диққати худро ба пирӯзии панҷуми “Тур де Франс” бо дастаи “Ineos” равона мекунам” - мегӯяд Фрум.

Ба иттилои хадамоти матбуотии дастаи “Start-Up Nation” Крис Фрум дар мавсими оянда бо ин тими исроилӣ мепайвандад. Крис Фруми 35-сола чаҳор маротиб дар мусобиқаи “Тур де Франс”, ду маротиб - дар "Вуэлта" -и Испания ва як бори дигар дар "Ҷиро д'Италия" -и Италия пирӯз шудааст.