«Куктош» қаҳрамонӣ кард

«Куктош» қаҳрамонӣ кард

Бошгоҳи футболи «Куктош» маротиба нахуст дар тӯли таърихи хеш ба гирифтани ҷоизаи Ҷоми ФФТ даст ёфт. Дар бозии финалӣ шогирдони коршиноси тоҷик, Раҳматулло Фузайлов футболбозони дастаи “Равшан”-и Кӯлобро бо натиҷаи 2:1 мағлуб намуданд. Бозии муҳими Ҷоми ФФТ-2020 имрӯз, 1-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе байни “«Куктош» ва “Равшан” баргузор шуд.

Барои ишғоли зинаи сеюм дастаҳои КМВА ва “Душанбе-83” рақобат намуданд, ки дар ин майдондорӣ футболбозони “Душанбе-83” бо натиҷаи 3:2 дастболо шуданд.

Ҷоми ФФТ-2020

Бозӣ барои ишғоли зинаи сеюм

«Душанбе-83» – КМВА – 3:2

Голҳо: Комрони Мирзохон, 43 (0:1). Фарҳод Қосимов, 52 (1:1). Артем Гайдаш, 55 (1:2). Фарҳод Косимов, 72 (2:2). Парфант Явис, 75 (3:2).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Фарҳод Қосимов («Душанбе-83»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

 Финал

«Равшан» – «Куктош» – 1:2

Голҳо: Муҳсин Абдуғаффоров, 32 – аз пеналти (0:1). Далер Шомуродов, 45+3 – аз пенальти (1:1). Муҳиддин Одилов, 67 (1:2).

Беҳтарин бозигари бозӣ: Муҳиддин Одилов («Куктош»).

Сардовар: Сайёҷон Зайниддинов (Душанбе).