Куртуа бо “Реал Мадрид” ба Мюнхен парвоз кард

Куртуа бо  “Реал Мадрид” ба Мюнхен парвоз кард

Бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид”   дархости бозигарон барои бозии аввали нимфиналии Лигаи Чемпионҳо бар зидди “Бавария”-ро эълон кард. Бозӣ 30 –юми апрел дар шаҳри Мюнхен баргузор мешавад. Дар рӯйхати бозигароне, ки ба Олмон парвоз мекунанд, дарвозабон Тибо Куртуа низ шомил буд, ки аз захм шифо ёфтааст.

Дарвозабонҳо: Куртуа, Лунин, Кепа.

Ҳимоятгарон: Карвахал, Милитао, Алаба, Начо, Васкес, Гарсия, Рюдигер, Менди.

Нимҳимоятгарон: Беллингем, Кроос, Модрич, Камавинга, Валверде, Тчуамени, Себалйос, Гюлер.

Ҳамлагарон: Винисиус, Родриго, Хоселу, Браҳим Диас.