Ла Лига-чемпионати нодир барои нобиноён

Ла Лига-чемпионати нодир барои нобиноён

Ду дӯст аз Колумбия-Сезар ва Хосе барои тамошои бозии “Барселона” ва “Жирона” омаданд. Яке аз онҳо чизеро намебинад ва намешунавад. З-ин рӯ ба дарки ҳаводиси майдон намерафт. Дӯсти ӯ, ки дар паҳлӯяш буд бо дарёфти кӯмак аз Ла Лига, яъне асбобу анҷоми футболӣ барои дуруст дарк кардани моҳияти бозӣ ба ӯ ёрӣ мерасонад.


Ин танҳо як мисол аз иқдомҳои инсондӯстии Ла Лига-чемпионати миллии кишвари Испания аст. Дар баробари тарғиби арзишҳои варзишӣ ин чемпионат мекӯшад то ба арзишҳои дигари муҳими башардӯстона иқдом кунад. Миёни миллионҳо мухлисони ин чемпионат гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа аз қабили маъюбону нобиноён ва афроди дигари заъфҳои ҷисмонӣ дошта кам нестанд. Ҳар як аъзои Ла Лига аз роҳбарияти он то ба мухлиси оддӣ имрӯз мекӯшанд то ин қишри осебпазири ҷомеа дар баробари тарафдорони дигар худро ҳақиру оҷиз набинанд ва мисли дигарон аз тамошои бозиҳои чемпионати Испания баҳра баранд.


Бар замми ин Ла Лига барои бевосита ба майдон баромадану ба футбол машғул шудани онҳо шароит муҳайё кард. Инчунин ҳар моҳ бар асоси роҳандозии аксияҳои гуногуни хотирмон ба ин қишри ниёзманд тӯҳфаҳои гуногун, аз қабили пироҳани варзишии дастаҳои иштирокчии Примеро, ҷузъдон, тӯб ва дигар армуғонҳоро тақдим мекунад.