Лаша Бекаури – қаҳрамони Бозиҳои олимпии Токио-2020

Лаша Бекаури – қаҳрамони Бозиҳои олимпии Токио-2020

Ягона вазне дар Бозиҳои олимпии Токио-2020, ки ғолибаш ҷудочиёни ҷопонӣ нашуданд. Лаша Бекаури исми ба мову шумо ошно варзишгаре, ки ҳамагӣ 20 сол дораду дар нахустин ҳунарнамоиаш дар Бозиҳои олимпӣ бар суфраи қаҳрамонӣ бар шуд. Ин ҷудочии ҷавон барои ба гардан андохтани нишони тилло ҳамаи рақибонашро дучори бохт намуд. Дар финал Лаша Бекаурии гурҷӣ - Эдуард Триппели олмониро мағлуб сохт. Дар ин вазн нишонҳои биринҷӣ насиби Давлат Бобонов (Ӯзбекистон) ва Кристиан Тот (Венгрия) шуданд.

Бозиҳои олимпии Токио-2020

Ҷудо, мардҳо, -90кг

Лаша Бекаури (Гурҷистон)

Эдуард Триппел (Олмон)

Давлат Бобонов (Ӯзбекистон)

Кристиан Тот (Венгрия)