"Ливерпул" дар Суперҷом бе ситораи худ монд
Сармураббии бошгоҳи “Ливерпул”-и Англия кай ба тамринҳо пайвастани ҳамлавар ва ситораи худ Садио Манеро чунин шарҳ дод: “Садио дар ҳолати хуби варзишӣ карор дорад. Ӯ дар рухсатӣ аст ва рӯзи 5-уми август бармегардад, баъд аз анҷоми бозӣ бо “Манчестер Сити” дар Суперҷоми Англия. Баъдан то оғози мавсим ва рақобатҳо бо “Норвич” ва “Челси” 10 рӯз дар ихтиёр дорад то ба даста ҳамроҳ шавад” .
Ёдовар хоҳем шуд, ки Мане баъди анҷоми мавсим ба фарқ аз дигарон ба ҷои истироҳат бо дастаи Сенегал ба Ҷоми Африқо рафта буд. Аз ин мусобиқот онҳо бо гирифтани ҷои дуюм ба ватан баргаштанд.