Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА боло шуд

Мавқеи Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА боло шуд

Имрӯз, 25-уми октябри соли 2018 Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) рӯйхат ё худ раддабандии нави мунтахабҳоро мунташир намуд. Дар ин рейтинг мунтахаби футболи Тоҷикистон ду зина боло рафта, дар мақоми 118-ум ҷой гирифт. Дар ҳоли ҳозир мунтахаби Тоҷикистон бо касби 1161 имтиёз дар зинаи 118-ум қарор дорад. Дар садри ҷадвал бошад, тими миллии Белгия бо касби 1733 хол садрнишини аст. Дар зинаи дуюм тими Фаронса бо 1732 имтиёз ва дар ҷои сеюм Бразилия бо касби 1669 хол ҷойгир шудаанд.

Раддабандии ФИФА: 

1 (1). Белгия – 1733 имтиёз

2 (1). Фаронса– 1732

3 (3). Бразилия — 1669

4 (4). Хорватия— 1635

5 (4). Англия — 1619

6 (5). Уругвай— 1617

7 (7). Португалия — 1616

8 (8). Швейтсария — 1598

9 (9). Испания — 1594

10 (10). Дания — 1584...

118. Тоҷикистон - 1161

Tajikistan World Raking.jpg