Медали Бозиҳои олипии Пекин чӣ гуна аст?
Кумитаи тадорукоти Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ва паралимпии Пекин-2022 рӯзи 26 октябр тарҳи медалҳоро муаррифӣ кард. Дар рӯи медал панҷ ҳалқаи ҳатмӣ ва номи пурраи Олимпиада ба забони англисӣ ва дар қисми дигари он нишони бозиҳо ва номи чинӣ нишон дода шудааст. Инчунин дар яке аз паҳлӯҳо 24 нуқта, ки рақами силсилавии бозиҳоро ифода мекунад ва ҳамзамон ифодагари маънои “осмони беохири ситорадор” ё “робитаи байни инсон ва табиат” аст, нақш бастааст.