Месси муддаии асосии "Тӯби тиллоӣ". Ӯ рақиби арзанда надорад
Рӯз ба рӯз маросими тақдими ҷоизаи бонуфузи “Тӯби тиллоӣ”-2021 наздик шуда истодааст. Барои ба даст овардани ин ҷоиза нафароне ба мисли ба мисли Карим Бензема, Роберт Левандовски, Криштиану Роналду, Жоржиню ва Месси мубориза мебаранд.
Сомонаи MARCA як овоздиҳие баргузор намуд, ки тибқи натиҷаи он Месси бо соҳиб шудани 34%-и овозҳо пешсаф гардид. Дар ин овоздиҳӣ Бензема 26% ва Левандовский 11% дарсади овозҳоро ба даст оварданд. Қаблан маҷаллаи Goal.com овоздиҳӣ баргузор намуда буд, ки тибқи он низ Лео пешсаф шуда буд.