Месси сегонаи «Барселона»-ро бо сегонаи «ПСЖ» муқоиса кард

Месси сегонаи «Барселона»-ро бо сегонаи «ПСЖ» муқоиса кард

Ҳамлавари аргентинии дастаи «ПСЖ» Лионел Месси собиқ сегонаи дастаи “Барселона” Месси-Неймар-Суаресро бо сегонаи ҳозираи дастаи “ПСЖ” Месси-Неймар-Мбаппе муқоиса кард.

«Онҳо сегонаи тамоман дигаранд ва муқоиса карданашон ғайриимкон аст. Суареси марказӣ аз Мбаппе фарқ мекунад. Луис назар ба пештара бештар гол мезанад ӯ ҳамлавари воқеии марказӣ аст. Килиан сабк ва услуби худро дорад ва ӯ дар фиреб додани рақиб ҳамто надорад. Килиан хеле хатарнок аст. Ҳақиқат ин аст, ки онҳо ба таври дигар бозӣ мекунанд. Муқоисаи онҳо ғайриимкон аст. Ман хеле хушбахт ҳастам, ки яке аз аъзоёни сегонаи “Барса” будам. Ман умед дорам, ки бо сегонаи “ПСЖ” низ ба муваффақиятҳои бузург даст меёбем», —мегуяд Лео Месси.