Месси “Тӯби тиллоӣ”-ро ба касе доданӣ нест

Месси “Тӯби тиллоӣ”-ро ба касе доданӣ нест

Вебгоҳи “Goal.com” бори дигар феҳристи довталабони асосӣ барои ба даст овардани ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ»-ро нашр кард. Дар зинаи аввали раддабандӣ ҳамлагари “ПСЖ” – Лео Месси қарор дорад. Дар соли 2021 аргентинӣ ба задани 40 гол даст ёфта, 14 паси голӣ анҷом додааст. Инчунин Лео дар ҳайати Аргентина Ҷоми Амрико ва дар ҳайати «Барселона» Ҷоми Испанияро ба даст овардааст.

Зинаи дуюмро дар рӯйхати беҳтаринҳо ҳамлагари бошгоҳи «Бавария» – Роберт Левандовски касб кардааст, ки дар соли 2021 54 гол зада, 8 партофти головар анҷом додааст. Полшагӣ ҳамроҳ бо “Бавария” қаҳрамони Бундеслига шуда, Ҷоми ҷаҳон байни дастаҳо ва Суперҷоми Олмонро ба даст овард.

Ба сегонаи беҳтаринҳо ҳамчунин нимҳимоятгари дастаи “Челси” – Жоржинйо низ шомил аст. Итолиёвӣ дар соли 2021 ҳафт гол зада, се паси голӣ анҷом дод. Ёдовар мешавем,ки Жоржинйо дар ҳайати тими миллии Италия барандаи Евро-2020 шуд ва дар ҳайати даставӣ ғолиби Лигаи Чемпионҳо ва Суперҷоми УЕФА гардида буд.

Рейтинги 10 довталаби асосӣ барои соҳиб шудан ба ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ”:

1) Лионел Месси (“ПСЖ”);

2) Роберт Левандовски («Бавария»);

3) Жоржино (“Челси”);

4) Н'Голо Канте («Челси»);

5) Карим Бензема (“Реал Мадрид”);

6) Килиан Мбаппе (“ПСЖ”);

7) Ромелу Лукаку («Челси»);

8) Эрлинг Ҳолланд (“Боруссия Дортмунд”);

9) Криштиану Роналду (“Манчестер Юнайтед”);

10) Кевин Де Брёйне («Манчестер Сити»).