Миллион доллар барои як пост. Варзишгарон аз «Инстаграм» чӣ қадар маблағ ба даст меоранд?

Миллион доллар барои як пост. Варзишгарон аз  «Инстаграм» чӣ қадар маблағ ба даст меоранд?

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, дар ҷаҳони имрӯза саҳифаи «Инстаграм» миллиард истифодабарандагони худро дорад. Чеҳраҳои саршиноси сайёра, аз қабили варзишгарон, ҳунармандон ва дигар шахсон молҳои мардумро бо арзиши маблағҳои ҳангуфт дар ин саҳифа реклама мекунанд. Дар зинаи якуми даҳгона Роналду садрнишин аст. Ӯ барои як пости реклама аз яксола музди маоши якчанд футболбози Россия зиёд маблағ ба даст меорад. Маҷаллаи Hopper рейтинги топ - 10 варзишгареро, мунташир намудааст, ки дар саҳифаи «Инстаграм» молҳои мардумро бо арзишгоҳи баланд реклама мекунанд.

Криштиану Роналду

Навъи варзиш: футбол

Истифодабарандагон: 176 млн

Арзиши як реклама: $ 975 ҳазор.


Неймар

Навъи варзиш: футбол

Истифодабарандагон: 123 млн

Арзиши як реклама: $ 722 ҳазор.

 

Лео Месси

Навъи варзиш: футбол

Истифодабарандагон: 126 млн

Арзиши як реклама: $ 648 ҳазор.

 

Дэвид Бекхэм

Навъи варзиш: футбол

Истифодабарандагон: 57,5 млн

Арзиши як реклама: $ 357 ҳазор.

 

Леброн Ҷеймс

Навъи варзиш: баскетбол

Истифодабарандагон: 50,7 млн

Арзиши як реклама: $ 272 ҳазор.

 

Роналдиню

Навъи варзиш: футбол

Истифодабарандагон: 47 млн

Арзиши як реклама: $ 256 ҳазор.

 

Гарет Бэйл

Навъи варзиш: футбол

Истифодабарандагон: 40,6 млн

Арзиши як реклама: $ 218 ҳазор.

 

Златан Ибрагимович

Навъи варзиш: футбол

Истифодабарандагон: 37,4 млн

Арзиши як реклама: $ 200 ҳазор.

 

Вират Кохли

Навъи варзиш: крикет

Истифодабарандагон: 38 млн

Арзиши як реклама: $ 196 ҳазор.

 

Луис Суарес

Навъи варзиш: футбол

Истифодабарандагон: 34,4 млн

Арзиши як реклама: $ 184 ҳазор.