Муҳаммад Маҳмадизода бинобар доштани вазни изофӣ дар ЧО оид ба ҷудо миёни калонсолон ширкат варзида натавонист

 Муҳаммад Маҳмадизода бинобар доштани  вазни изофӣ дар ЧО оид ба ҷудо миёни калонсолон ширкат варзида натавонист

Ҷудокори тоҷик, Муҳаммад Маҳмадизода зери вазни 60 кг имрӯз дар рақобатҳои Чемионати Осиё оид ба ҷудо миёни калонсолон бинобар доштани вазни изофӣ иштирок карда натавонист.

Ҳамчунин дар ин рӯз, масири ҷудокори дигари кишвар Шаҳбоз Саидабуроров (- 66 кг) то ба таври тасаллобахш идома кард. Шаҳбоз бо шикаст додани ҷудоварзи ҳиндӣ Нитин Ҷуҳан ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт ва дар ин давр аз ҷудокори ҷопонӣ Риёма Танака шикаст хурду ба даври тасаллобахш рафт. Дар даври тасаллобахш Шаҳбоз аз Эрхембайар Баттогтохи муғул мағлуб гардид ва имкони ба даст овардани нишони биринҷиро дар ин мусобиқа аз даст дод.

Пагоҳ, Беҳрӯз Хоҷазода (- 73 кг), Сомон Маҳмадбеков (- 81 кг) ва Шодмон Ризоев (- 81 кг) дар Чемионати Осиё оид ба ҷудо миёни калонсолон дар шаҳри Нур –Султони Қазоқистон баромад мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки Сомон Маҳмадбеков, ки қаблан дар вазни то 73 кг ҳунарнамоӣ мекард, дараҷаи вазни хешро иваз кард. Аз ин пас ӯ дар вазни то 81 кг баромад мекунад.