Муддаии асосии «Тӯби тиллоӣ» аз нигоҳи Почеттино

Муддаии асосии «Тӯби тиллоӣ» аз нигоҳи Почеттино

Сармураббии дастаи «Пари Сен-Жермен» Маурисио Почеттино ба саволи он, ки ин мавсим бояд ҷоизаи бонуфузи «Тӯби тиллоӣ» насиби кӣ шавад, ҷавоб дод.

«Ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ»-ро ба кӣ тақдим кунанд? Месси. Ва агар ман Мессиро ҳам тамрин намедодам, «Тӯби тиллоӣ»-ро ба ӯ медодам. Бидуни шак. Левандовски бояд дар зинаи дуюм бошад. Дар ҷойи сеюм ман Криштиануро мегузорам. Роналду футболбози бузург аст ва ӯ ҳар сол бо ҳамон ҷаҳду такопӯи қаблӣ бозӣ мекунад», —иқтибос овардааст Cope аз суханони Почеттино.

Ёдовар мешавем, ки 10 август Месси бо ПСЖ шартномаи дусола баст. Созишнома мумкин аст боз барои як соли дигар тамдид карда шавад.