Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) машғулиятҳои дастаҷамъиро дар Туркия шуруъ кард

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) машғулиятҳои дастаҷамъиро дар Туркия шуруъ кард

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар Анталияи Туркия ҷамъомади таълимиву тамриниро оғоз кард.

Мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар доираи ҷамъомади дуҳафтаина дар Туркия чаҳор бозии санҷишӣ анҷом медиҳад, ки дутоаш бо дастаи наврасони Русия мебошад.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) имсол дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025, ки аз 19 то 27 октябр баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.