Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) муқобили тими олимпии Ироқ бо либосҳои сафед бозӣ мекунад

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) муқобили тими олимпии Ироқ бо либосҳои сафед бозӣ мекунад

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024 дар чаҳоргонаи «С» муқобили тими олимпии Ироқ бо либосҳои сафед бозӣ мекунад. Футболбозони Ироқ либоси сабз ба бар хоҳанд кард.

Бозии даври дуюми Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои олимпии Тоҷикистон ва Ироқ 19 апрел дар варзишгоҳи «Ал-Ҷануб»-и шаҳри Давҳа баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (23:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад. Телевизионҳои «Варзиш» ва «Футбол» ин вохӯриро мустақиман намоиш медиҳанд.