Мунтахаби Тоҷикистон омодагиҳоро ба мусобиқаи “CAFA Nations Cup-2023” оғоз кард

Мунтахаби Тоҷикистон омодагиҳоро ба мусобиқаи “CAFA Nations Cup-2023”  оғоз кард

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе омодагиҳоро ба мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023», ки аз 11 то 20 июн дар Тошканд баргузор мешавад, оғоз кард.

Аз 26 бозигаре, ки барои омодагӣ ба Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ даъват шудаанд, ҳоло дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон танҳо 14 бозигар қарор дорад, ки 2 нафарашон дарвозабон мебошанд. Бозигарони боқимонда пас аз анҷоми бозиҳои бошгоҳҳои худ дар Тошканд ба ҳайати тими миллӣ мепайванданд.

Пагоҳ, 31 май тими миллии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар карда, омодагиро ба мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» идома медиҳад.